АТҶАТ– (Ассотсиатсияи Туризм дар Ҷомеа Асосёфтаи Тоҷикистон) як ташкилоти ғайритиҷоратӣ мебошад, ки дар заминаи иттиҳодияи ихтиёрии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва ҷамъиятӣ таъсис дода шудааст, ки фаъолияташ ба рушди сайёҳии ҷамоатӣ (ТҶА) нигаронида шудааст.
ВАЗИФАИ АТҶАТ баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳли ҷомеа, таъсиси ҷойҳои корӣ, ҷалби занон ба ин раванд, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ошноии сайёҳон бо тарзи ҳаёти анъанавӣ мебошад.
Мақсади Созмон мусоидат ба рушди институтсионалии ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки фаъолияташон ба фароҳам овардани фазои муосири мусоиди соҳибкорӣ дар соҳаи сайёҳии бар асоси ҷомеа (ТҶА) нигаронида шудааст, аз ҷониби:

  • беҳтар намудани шароити чаҳорчӯбаи пешбурди соҳибкорӣ дар соҳаи ТҶА
  • такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии мавҷудияти соҳибкорӣ дар соҳаи ТҶА
  • омода намудани роҳбарият ва кадрҳои салоҳиятдор дар соҳаи ТҶА
  • ташкили муколамаи самарабахши давлат ва бахши хусусӣ
  • тағйир додани тасаввурот дар бораи маќомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни соҳибкорон
  • ташкили ҳамкориҳои мутақобила ва машваратҳои мутақобилан байни мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорон

ВАЗИФАХОИ ТАШКИЛОТ:

  • такмили ҳамкории ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ, намояндагони ТҶА барои ҳалли масъалаҳои муштарак.
  • ташкили захираи умумии иттилоотӣ дар соҳаи ТҶА
  • «як овоз» дар муколама бо ҷомеаи донор
  • баланд бардоштани самаранокии ассотсиатсияҳои соҳибкорон ва аъзоёни он
  • тайёр кардан ва бозомўзии касбии кадрҳои баландихтисос барои мақомоти роҳбарӣ ва иҷроияи ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, инчунин намояндагони соҳаи ТҶА;
  • баланд бардоштани сатҳи сифат ва рақобатпазирии хизматрасониҳои аъзо;
  • мусоидат ба фароҳам овардани шароити мусоид ва баланд бардоштани ҳавасмандии аъзоён ба пешбурди соҳибкорӣ дар соҳаи ТҶА;
  • мусоидат ба татбиқи барномаҳои гуногуни сайёҳии давлати ва ғайридавлатӣ
  • ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табии;
  • мусоидат ба барқарор намудани муносибатҳои тиҷорати байни аъзои Созмон бо шарикон дар дохили кишвар ва берун аз он.